Чаро қирғиз метавонаду тоҷику ӯзбек не? Нигаронии Поставнин аз манъи рондани таксӣ

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузаштан ба хазинаи аксЭкс-замдиректора ФМС РФ, специалист по миграционному законодательству Вячеслав Поставнин, архивное фото
Экс-замдиректора ФМС РФ, специалист по миграционному законодательству Вячеслав Поставнин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршинос бовар дорад, бо вуҷуди он ки чунин таҷриба дар ҷаҳон вуҷуд дорад, роҳандозии чунин як иқдом ба воқеиятҳои Русия созгор нест
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Русия набояд кор дар соҳаи ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ манъ карда шавад.
Дар ин бора Вячеслав Поставнин, муовини собиқи раиси ФМС-и Русия, раиси Маркази илмии ҳамгироии Авруосиё дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
Қаблан ибтикори манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ аз ҷониби раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар (ҲҲИ)-и назди президенти Русия Валерий Фадеев пешниҳод шуда буд.
Ӯ ба сарвазири кишвар Михаил Мишустин муроҷиатномаи дахлдор фиристод.

"Таҷрибаи ҷаҳонӣ кор бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ дар соҳаи ҳамлу нақли борро манъ мекунад. Барои кор дар ин самт бояд бо супурдани имтиҳон аз қоидаҳои ҳаракат шаҳодатномаи ронандагии ин кишварро дарёфт кунед", - тавзеҳ дод Поставнин.

Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба дар кишварҳои аврупоӣ, масалан дар Олмон ва Испания вуҷуд дорад.
"Аммо дар Русия вазъ дигар аст, мо бо як қатор кишварҳо равуои озод ва фазои ягонаи иқтисодӣ дорем. Чаро қирғиз метавонад бо шаҳодатномаи миллӣ кор кунад, аммо тоҷику узбак наметавонад?" — суол гузоштааст мутахассис.
Открытие миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Коршинос гуфт, чӣ бояд кард, то муҳоҷирон Русияро тарк накунанд
Ба андешаи ӯ, ё барои ҳама манъ кардан лозим аст ё барои ҳеҷ кас.
Дар сурати ҷорӣ шудани чунин маҳдудият сафари худи русҳо мушкилтар мешавад, масалан, нарасидани ронандаҳо ва гарон шудани сафарҳо, афзуд Поставнин.
Ба гуфтаи ӯ, имкон нест, ки шаҳрвандони Русия дарҳол ин ҷойҳои холиро ишғол кунанд, ин кор сахт ва нерӯталаб аст.
Муҳоҷирони дорои шаҳодатномаи ронандагии хориҷиро аз таксиронӣ манъ карданиянд
Ёдовар мешавем, ки Русия ягона кишваре боқӣ мемонад, ки дар он ҳамлу нақли тиҷоратӣ бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ иҷозат дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0