Ду медали тилои дучархаронҳои тоҷик: устодон гирифтанд, на шогирдон

© Sputnik Международный чемпионат Азии по велоспорту в Душанбе
Международный чемпионат Азии по велоспорту в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Дар охирон рӯзи мусобиқаи велосипедронии Осиё дар Душанбе устодону ҳавасмандони ин навъи варзиш байни ҳам сабқат намуданд ва намояндагони Тоҷикистон натиҷаи хуб нишон доданд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар рӯзи шашуми баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ сабқатҳои кушоди Тоҷикистон байни устодон ва ҳаваскорон таҳти номи "Tajikistan Challenge Masters and Amateurs" дар панҷ категорияи синнусолӣ баргузор гардид.
Ба иттилои сомонаи "Варзиш", дар байни сабқатҳо миёни устодони синнашон 40-49-сола намояндаи Тоҷикистон Александр Игонин сазовори медали тило гардид. Дар ин сабқат медали нуқраро низ варзишгари тоҷик Баҳриддин Азамутдинов ба гардан овехт.
Зимнан дар охирин категорияи синнусолӣ миёни устодони 50-59-сола низ намояндаи Тоҷикистон Ринат Батиршин созовори медали тило гардид.
Велоспорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Тоҷикистон мизбони мусобиқаи бузурги дучархаронӣ мешавад
Манбаъ меафзояд, дар сабқатҳо миёни варзишгарони касбӣ ва устодон аз синни 19 то 34-сола, ки масофаи 111 км-ро дар бар гирифт, намояндаи кишвари Ӯзбекистон унвони қаҳрамонӣ ба даст овард.
Дар сабқатҳо миёни устодони синнашон 35-39 намояндаи кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нахустин шуда, ба марра расид.
Сабқати дучархаронҳо дар Душанбе - тафсилот
Ёдовар мешавем, беш аз 400 варзишгар аз қариб 30 давлати ҷаҳон барои унвони қаҳрамони Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Тоҷикистон сабқат карданд. Аксари ҷойҳои ифтихориро варзишгарони Қирғизистону Ӯзбекистон соҳиб шуданд.
Бинобар баргузор кардани чунин чорабинии васеъмиқёс давоми шаш рӯз роҳҳои мошингарди пойтахт масдуд буданд.
Лентаи хабарҳо
0