Пешгӯии Медведев дар бораи тағйири низоми молӣ дар ҷаҳон

© Sputnik / Юлия Зырянова / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки низоми молии қаблиро кафилони пешин бадном кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қайд кардааст, ки низоми молии пешин боқӣ намемонад, кафилони пешин онро аз ҳад зиёд бадном карданд.
“Дар ҳоле ки рақибони мо кори бенатиҷаи худро идома медиҳанд, ҷаҳон тадриҷан ба мантиқи нави муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва ба сӯйи низоми молии таҷдидшуда ҳаракат мекунад. Ин низом, бешубҳа, бетағйир нахоҳад монд, зеро кафилони пешин худро аз ҳад зиёд ва ҳамчунин созишномаи кӯҳнашудаи Бреттон-Вудсро бадном карданд. Онҳо обрӯи худро бурданд”, - гуфт оқои Медведев дар шабакаи телеграми худ.
Ҳамчунин раисҷумҳури собиқи Русия афзуд, ки эътимод ба асъори захиравӣ коста шудааст ва даст кашидан аз доллар ва евро дар оянда афсона нест.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин ва Макрон пас аз музокирот дар Истанбул вазъи Украинаро баррасӣ карданд
Вай гуфт, ҳоло дар ҷаҳон давраи асъорҳои минтақаӣ фаро мерасад.
"Ҷаҳон аз хоб бедор мешавад ва эътимод ба асъори захиравӣ мисли меғи саҳар нобуд мешавад. Даст кашидан аз истифодаи доллар ва евро ҳамчун пули асосии захираи ҷаҳон афсона нест”, - қайд кард Дмитрий Медведев.
Вай илова кард, ки инҳо чӣ гуна захираҳо ҳастанд, ки ба иродаи сиёсатмадорони девона, ки ҳозиранд, пули андозсупорандагони худро ба хотири пирӯзии номаълум дар ҷанг "то украинии охир" сарф кунанд, масдуд мешаванд? Дар ин ҳолат ин асъорҳо ба кӣ лозиманд? Ин асъорҳоро ҳатто намехоҳанд барои пардохти интиқоли сӯзишворӣ бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0