Талоқ аз тариқи SMS бо кадом шарт қабул мешавад?

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шавҳар ба муҳоҷират меравад ва баъди чанд вақт ба ҳамсараш аз тариқи телефон мактуб менависад: "Се талоқ". Оё ислом ба мардон ҳуқуқ медиҳад, ки ба "осонӣ" ва тарзи “замонавӣ” аз уҳдадориҳои худ дар назди оилааш халос шаванд?
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Дар замоне ки муҳоҷират як падидаи маъмулӣ барои хонаводаҳо дар Тоҷикистон гаштааст, кам нестанд ҳолатҳое, ки мардон аз роҳи дур аз ҳамсаронашон ҷудо мешаванд.
Бархе занон шикоят мекунанд, ки шавҳарашон бидуни ягон шарҳ аз тариқи телефон SMS равон мекунанд, ки “се талоқат додам”.
Албатта, аз нигоҳи ҳуқуқӣ уҳдадориҳои мард дар назди оила бо ин роҳ қатъ нахоҳад шуд, аммо оё ақдеро, ки зану шавҳар дар назди мулло ва шаҳодон баста буданд, бо чунин осонӣ метавон шикаст?
Sputnik Тоҷикистон барои пайдо кардани посух ба ин масъала бо сармутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон Маҳмуд Сангалиев суҳбат кард.
Сангалиев тавзеҳ дод, ки талоқ ба воситаи телефон бо кадом шарт қабул мешавад ва баъди он кадом уҳдадориҳои мард назди оила по барҷо мемонад.

“Талоқ аз тариқи телефон қабул ҳаст, модоме ки мард пеши як муфтӣ, қозӣ, домулло ё хонадони зан тасдиқ кунад, ки маҳз ӯ дар телефон ҷавоби ҳамсарашро дода буд”, - қайд мекунад домулло Маҳмуд.

Дар ин ҳолат талоқ воқеъ мегардад, баъди он зан як муҳлати муайяне интизор мешавад ва метавонад шавҳар кунад.
Ба воситаи СМС, мактуб ё телефон низ бо шарти фавқуззикр талоқ воқеъ мешавад.

“Мард тасдиқ мекунад, ки маҳз ӯ мактубро навишта буд ва бо ҳамин никоҳ бекор мегардад”, - мегӯяд Сангалиев.

Ӯ таъкид мекунад, ки бо ин роҳ риштаи ақди никоҳи динӣ канда мешавад, аммо уҳдадориҳо бекор намешаванд.
“Ғайр аз никоҳи динӣ никоҳи давлатӣ аст ва бинобар он агар қонун масъалаҳои маскун кардан, алимент пардохтан ва дигар уҳдадориҳоро ба зиммаи шавҳар гузорад, талоқ ӯро аз ин масъулиятҳо озод нахоҳад кард”,- меафзояд вай.
Ғайр аз ин ислом мардро вазифадор кардааст, ки баъди талоқ додан дар як муҳлати муайян ҳамсарро дар хонааш ҷой диҳад, ӯро бо маскан таъмин кунад ва таълиму тарбияи фарзандонаш бошад, то ба балоғат расидани онҳо бар дӯши мард аст.
Сармутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки талоқ пушамоймонӣ надорад ва мард аз гапаш гашта наметавонад, махсусан агар ибораи “се талоқ”-ро ба забон гирифта бошад.
Лентаи хабарҳо
0