Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Хумпораи Украина бинои истиқоматӣ дар Донетскро хароб кард

© Sputnik / Maksim Blinov / Гузариш ба медиабонкСотрудники пожарной охраны на месте взрыва в центре Донецка
Сотрудники пожарной охраны на месте взрыва в центре Донецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Шаҳрдори Донетск аз зарбаи мустақими хумпораи украинӣ ба як бинои истиқоматӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Хумпораи украинӣ ҳангоми тирборони шабонаи Донетск як бинои чандошёнаро қисман тахриб кард. Дар ин бора шаҳрдор Алексей Кулемзин дар канали "Telegram" навиштааст.

"Як тирпаронии шабона ба сӯйи ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Пинтер 8 (ноҳияи Текстилшик) сабт шуд", — навиштааст раиси шаҳр.

Ба гуфтаи ӯ, ошёнаи ҳаштуми даромадгоҳи аввал қисман хароб шуда, дар пайи он сӯхтор ба амал омадааст.
Маълумот дар бораи сокинони осебдида мушаххас карда мешавад.
Ҳамчунин нерӯҳои украинӣ дар тӯли 10 дақиқа ноҳияи Петровскийи Донетскро 2 бор тирборон карданд. Дар натиҷа 12 хумпора бо калибри 122-миллиметрӣ шиллик шуд.
Ёдовар мешавем, Русия 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0