Вазорати мудофиа: Даъвати баҳорӣ дар доираи қонун сурат гирад

Открытие новой казармы в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати баҳории наваскаронро, ки аз 1 апрел оғоз мешавад, баррасӣ кард.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии мақомоти низомию ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъкид гардид, ки даъват дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.
"Мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи роҳбарияти мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид ба риояи қонунгузорӣ дар даъвати баҳорӣ дар ҳолест, ки дар мавсимҳои гузашта аз шеваҳои ғайриқонунии сарбозшикор, ба истилоҳ "облава" шикоятҳо ҷой доштанд.
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Ҷаласаи генералҳои тоҷик: таъкид ба тақвияти қудрати дифоии Тоҷикистон
Дар ҳоле ки генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.
Вазири мудофиа ахиран дастур дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Шералӣ Мирзо муҳим хондааст, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 бо фармони президенти Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз шуда, то охири моҳи май давом меёбад.
Лентаи хабарҳо
0