Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия шаҳраки Золотая Ниваро таҳти назорат гирифт

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие из состава контингента миротворческих сил ОДКБ в Казахстане
Военнослужащие из состава контингента миротворческих сил ОДКБ в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҳаллаи Золотая Ниваро зери назорат гирифта, аз дарёи Кашлагач гузаштанд
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз боз як шаҳрак дар вилояти Донетскро ишғол карданд, хабар медиҳад сухангӯи Вазорати дифоии ин кишвар Игор Конашенков.
"Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия амалиётро идома дода, маҳаллаи Золотая Ниваро пурра таҳти назорати худ гирифта, аз дарёи Кашлагач гузашта, дар ҷои бехавф қарор гирифтанд. Дар як шабонарӯз нерӯҳои Русия шаш километр пеш рафтанд", — гуфт генерал-майор дар нишасти хабарӣ.
Вай тавзеҳ дод, ки то 60 миллатгарои украинӣ, ду танк, чаҳор мошини ҷангӣ, 9 мошини гуногуни низомӣ нобуд кард шуд.
Нефтебаза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия ба пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхти Украина мушак партоб кард
Давоми шабонарӯзи гузашта воҳидҳои ҳавопаймоҳои оперативӣ-тактикӣ ва бесарнишини Русия ба 52 ҳадафи низомии Украина зарба заданд, аз ҷумла: чаҳор нуқтаи фармондеҳӣ, як С-300 ва як системаи зиддимушакии "Бук-М1", ду системаи мушакии чандманзура, лавозимоти ҷангӣ, анбори артиллерӣ ва мушакӣ, ду анбори сӯзишворӣ, 38 истгоҳ ва техника.
Дар навбати худ нерӯҳои дифои ҳавоӣ дар як рӯз 18 ҳавопаймои бесарнишини Украина, аз ҷумла як ҳавопаймои "Байрактар-ТБ2"-ро нобуд карданд.
Дар маҷмқъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ 124 ҳавопаймо ва 77 чархбол, 216 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 341 ҳавопаймои бесарнишин, 1815 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 195 системаи мушакии чандманзура, 762 тӯпхона ва миномётҳои саҳроӣ, инчунин 1689 воҳиди мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд.
Дар баробари ин аскарони ҶМЛ поксозии шаҳраки Житловкаро анҷом дода, панҷ километр пеш ҳаракат карда, дар канори шаҳраки Кременная бо миллатгароён меҷанганд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0