Бритониё "Россия сегодня"-ро таҳрим кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксЗдание МИА "Россия сегодня" в Москве, архивное фото
Здание МИА Россия сегодня в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Бритониё бинобар амалиёти вижаи Русия дар Украина алайҳи Ожонсии иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” таҳрим эъмол кард
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Бритониё Ожонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня"-ро ба феҳристи ниҳодҳои таҳримшудаи Русия дохил кард, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Мақомоти Бритониё гуфтаанд, таҳрими "Россия сегодня" ба маънии мунҷамид кардани дороиҳои ин хабаргузорист, ки мутобиқ ба низоми таҳримот, он аз тарафи Ҳукумати Русия сармоягузорӣ мешавад ва дар амалиёти вижаи Русия дар Украина дахил аст.
Ҳамчунин ба феҳристи таҳримҳои Бритониё сардабири "Sputnik International" Антон Анисимов низ дохил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сокинони Британия ҳукуматро барои оқибатҳои таҳрим алайҳи Русия мазамат карданд
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Бар асоси натоиҷи даври савуми нишаст дар қаламрави Беларус, дар мавриди ифтитоҳи долонҳои башардӯстона тавофуқ ҳосил шуд.
Аммо ҷониби Украина борҳо гузаргоҳи ғайринизомиёнро баст.
Лентаи хабарҳо
0