Эълони бозгушоии масоҷид дар Туркманистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксСоборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото
Соборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муфтии Туркманистон хабар додааст, ки дарҳои масҷидҳои Туркманистон дубора барои намозгузорон боз мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Муфтии Туркманистон ахиран эълон кардааст, ки тамомии масҷидҳои ин кишвар дубора боз мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”

“Ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон, ки аз дувуми апрел оғоз мешавад, тамомии масоҷиди Туркманистон бо риояти дақиқи мавозини беҳдоштӣ, тибқи риволи одӣ, фаъолият хоҳанд кард”, - гуфтааст муфтӣ.

Муфтии Туркманистон ҳамчунин тақвими саҳарӣ ва ифториро дар моҳи мубораки Рамазони 2022 барои ҳар 5 устону шаҳри Ашқобод, пойтахти ин кишвар тасвиб кард.
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Раҳмон: Дар Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал таъмин кунед
Ёдовар мешавем, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳурии Туркманистон аз адами вуҷуди бемории коронавирус дар ин кишвар хабар дода ва гуфта буд, иқдомоти пешгирона ва ҳамкорӣ бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти муҷиб шуда, ки ҳеҷ мавриде аз ибтило ба вируси корона дар Туркманистон шиносоӣ нашавад.
Мақомоти Туркманистон дар ҳоле аз адами вуҷуди вируси корона дар ин кишвар хабар додаанд, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нисбат ба ин мавзуъ иброз тардид кардааст.
Лентаи хабарҳо
0