ВУХ Русия аз нақшаи ДОИШ* барои интиқоли бесуботӣ ба Осиёи Марказӣ хабар дорад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия густариши нерӯҳои террористӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ва Афғонистону Ӯзбакистонро як занги нигаронкунанда номид
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Маскав аз нақшаҳои гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* барои интиқоли бесуботӣ ба Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия нигарон аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҳошияи нишасти сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) хабар дод.
"Нақшаҳои ДОИШ* ва ҷонибдорони онҳо барои ноором кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва интиқоли бесуботӣ ба Русия нигаронии хоса доранд", - гуфт Лавров.
Ба андешаи ӯ, дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ва Афғонистону Ӯзбекистон таъсис додани як қатор гурӯҳҳо нигаронкунанда аст.
Вай ҳамчунин афзуд, Русия истиқрори ҳама гуна зерсохтори низомии ИМА ва НАТО ва ё афғонҳоеро, ки ба онҳо хидмат мекунанд, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ ғайриқобили қабул медонад.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Ҳушдори СММ аз ҳузури 50 ҳазор ҷангҷӯи ДИИШ* дар Афғонистон
Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки ин гуна амалҳо хилофи манфиатҳои амниятии кишварҳои воқеъ дар ин минтақа буда, ба уҳдадориҳое, ки аз санадҳои оинномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бармеоянд, мухолиф аст.
Ба қавли ӯ, "шиддати мушкилоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир коҳиш намеёбад".
"Тибқи баъзе ҳисобҳо, даромад аз тиҷорати маводи мухаддир аз 6 то 11 дарсади ММД-и Афғонистонро ташкил медиҳад", - афзуд ӯ.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.
Бино ба маълумоти хадамоти истихборот, ҳоло дар наздикии марзҳои ҷанубии кишварҳои СПАД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир шудаанд.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Масъуд аз табдили Афғонистон ба пойгоҳи амни террористон ва хатари он ба минтақа гуфт
Вазъият дар Афғонистон дар моҳи июни соли гузашта дар пасманзари хуруҷи нирӯҳои Амрико шиддат гирифт. Дар нимаи моҳи август толибон Кобулро ишғол карданд.
Дар пайи ин ҳолат Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва ҳукуматаш сарнагун гардид.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба миссияи тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
* -Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст.
Лентаи хабарҳо
0