Лавров: Истиқрори зерсохторҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, истиқрори зерсохтори низомии НАТО дар Осиёи Марказӣ қобили қабул нест
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, кишвараш истиқрори зерсохторҳои низомии ИМА ва НАТО дар Осиёи Марказиро ғайриқобили қабул медонад.

"Чунон ки мо қаблан изҳор доштем, истиқрори ҳама гуна инфрасохтори низомии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ё афғонҳоеро, ки ба онҳо хидмат мекунанд, дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ ғайриқобили қабул мешуморем",- гуфт Лавров дар ҳошияи нишасти сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон

Ба гуфтаи вай, чунин тарҳҳо мухолифи манофеъи амниятии кишварҳои минтақа ва бо ӯҳдадориҳое, ки аз асноди оинномаи Созмони gаймони fмнияти Дастаҷамъӣ бармеоянд, мухолиф аст.
Артиши ИМА ва НАТО пас аз 20 соли нокомӣ дар Афғонистон шаби 31 август хоки ин кишварро тарк карданд. Ба дунбол хабарҳое дар расонаҳо нашр шуд, ки ИМА барои нигоҳ доштани нуфузаш дар минтақа барои сохтани пойгоҳ дар яке аз кишварҳои ОМ талош дорад.
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
ВУХ Русия аз нақшаи ДОИШ* барои интиқоли бесуботӣ ба Осиёи Марказӣ хабар дорад
Аз ҷумла нашрияи "Politico" бо истинод ба сенаторҳои амрикоӣ хабар дода буд, ки Вашингтон музокиротро бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи истифодаи пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави худ барои амалиёт дар Афғонистон оғоз кардааст.
Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар шевае гуфтушунид бо ИМА барои мустақар кардани низомиёнаш дар қаламравашон рад карданд.
Дар пайи ин коршиносон изҳор дошта буданд, ки ҷойгиркунии иншооти низомӣ дар Осиёи Марказӣ маънои эҷоди "мушти қудратӣ" алайҳи Русия ва Чинро дорад.
Ба гуфтаи сиёсатшинос Никита Мендкович, Амрико талош дорад, кишварҳои Осиёи Марказиро ба як бозии нопок кашад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Путин тавсеаи НАТО ба Шарқро беохир ва хеле хатарнок хонд
Қаблан Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба ИДМ, ҳамгироии УрОсиё ва робита бо ҳамватанон изҳор дошт, ки таъсиси пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон ғайриимкон аст.
Ӯ қайд кард, ки тибқи шартҳои созишномаҳое, ки ин давлатҳо бо Русия доранд, аз ҷумла дар доираи СПАД ва Иттиҳоди УруОсиё, ҷойгиркунии нерӯҳои низомии дигар давлатҳо пешбинӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0