Медведев: Лаҳистон тафсири бардурӯғи таърихи равобит бо Русияро таблиғ мекунад

© Sputnik / Юлия Зырянова / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, равобити ин кишвар ва Лаҳистон дар кишвари дувуми нодуруст тафсир мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Ҳукуматдорони феълии Лаҳистон тафсири бардурӯғи таърихи муносибатҳои худ бо Русияро таблиғ мекунанд. Дар ин бора Дмитрий Медведев, раиси Шӯрои амнияти Русия хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Лаҳистон Русияро дурӯя ва душман нишон дода, ёдгориҳои ҷанговарони шӯравиро мунтазам вайрон мекунад.

"Мақомоти феълии Лаҳистон дар ҳама ҷо тафсири бардурӯғи худро дар бораи таърихи равобити Русияву Лаҳистон таблиғ мекунанд. Онҳо ин корро бадхоҳона ва дағалона анҷом медиҳанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ин як амали маъмулии сиёсати Ҳизби қонун ва адолат шудааст, дар ҳоле ки дар Русия ҳатто ториктарин саҳифаҳои таърихи муштарак, аз қабили эъдоми афсарони лаҳистонӣ дар наздикии Катин дар замони сталинизмро пӯшиш надодааст.
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Медведев гуфт, касодии иқтисоди соли 1998 дар Русия такрор намешавад
Медведев ёдовар шуд, ки ба ин далелҳо кайҳо баҳои ҳамаҷониба ва шадид дода шуда буд ва маълумоти бойгонӣ дар ин қазия махфӣ карда шуд, зеро Русия чизе барои пинҳон кардан надошт.
"Кишвари мо танҳо бо ранги сиёҳ ранг карда шудааст - пӯшида, дучеҳра, душманӣ ва пешгӯинашаванда", - гуфт Медведев.
Ӯ қайд кард, ки қисми муҳими доираҳои сиёсии Лаҳистон солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро мехоҳанд фаромӯш кунанд. Пеш аз ҳама дар бораи ҷанговарони шӯравӣ, ки фашизмро торумор карда, шаҳрҳои Лаҳистонро аз истилогарон тоза карданд.
Лентаи хабарҳо
0