Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия ба пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхти Украина мушак партоб кард

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузаштан ба хазинаи аксНефтебаза, архивное фото
Нефтебаза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Русия аз тахриби пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт дар Днепр ва Лисичанск хабар дод
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти вижаи низомии Русия дар 4 шаҳри Украина пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхт тавассути мушакҳои болдори дақиқзан нобуд карда шуданд.
Дар ин бора дар нишасти хабарӣ намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.

"Шоми 30 март мушакҳои болдори дақиқзани баландпарвоз дар маҳалҳои аҳолинишини Днепропетровск, Лисичанск, Чугуев ва Новомосковск пойгоҳҳои бузурги маводи сӯхтро нобуд карданд", - гуфт Конашенков.

Вай тавзеҳ дод, ки ин пойгоҳҳо ба гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс маводи сӯхт медоданд.
Намояндаи расмии Вазорати дифоъ ҳамчунин изҳор дошт, ки аз оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Русия 1815 танк, 341 ҳавопаймои бесарнишин ва 195 мушакандози чандманзураи марбут ба қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кардаанд.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу қаблан хабар дода буд, ки нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои ҳавоии Украина амалан нобуд карда шуданд, нерӯҳои дарёии он аз фаъолият бозмонданд ва тамоми воҳидҳои заминиву ҳавоии Украина талафоти зиёд дидаанд.
Сотрудники пожарной охраны на месте взрыва в центре Донецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Хумпораи Украина бинои истиқоматӣ дар Донетскро хароб кард
Қаблан дар пайи тирборони ҷониби Украина бахше аз як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар Донетск тахриб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0