Дар Тоҷикистон боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд зиёд шуд

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки миллӣ эълон кардааст, ки ташкилоти қарзии хурди “Фирӯз” ба ташкилоти амонатии қарзии хурд табдил ёфта, раёсати бонк барои фаъолияти ин ниҳоди молиявии нав иҷозатномаи дахлдор пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 31 март — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, қарори раёсати Бонк дар ин бора ҳанӯз аз 18 марти соли равон ба имзо расидааст.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фурӯз” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст Бонки миллӣ.
Ҳамзамон масъулини Бонки миллӣ қайд кардааснд, ки иҷозатномаи ҶДММ ТҚХ “Фурӯз” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллӣ соли 2013, дода шудада буд, бинобар табдилёбӣ ба ташкилоти амонатии қарзии хурд аз эътибор соқит дониста шуд.
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, чӣ монеи рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон шудааст
Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонк департаменти назорати бонкӣ ва Идораи низоми пардохт уҳдадор намудааст, ки ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар бозори молии Тоҷикистон Бидуни ТАҚХ "Фирӯз" боз 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият дорад.
Лентаи хабарҳо
0