Толибон шарҳ доданд, ки чаро ба марзи Тоҷикистон нерӯ фиристоданд

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Толибон ҳадафи ирсоли нерӯи бештар ба марзҳояшон, аз ҷумла дар марз бо Тоҷикистонро рафъи нигарониҳо хонданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон мегӯяд, ба ҳеҷ кишваре иҷозаи мудохила, ишғол ва ё истифода аз хоки худ барои дигар кишварҳоро намедиҳанд.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар нишасти вазирони хориҷаи ҳамсояи Афғонистон дар Чин изҳор дошт.
"Мо намехоҳем, ки шароити душвори гузашта такрор шавад",- хабар медиҳад Sputnik Афғонистон ба нақл аз Муттақӣ.
Встреча главы МИД РФ С. Лаврова с студенческо-преподавательским составом МГИМО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
ВУХ Русия аз нақшаи ДОИШ* барои интиқоли бесуботӣ ба Осиёи Марказӣ хабар дорад
Ӯ гуфтааст, толибон хоҳони онанд, ки Афғонистон барои тамоми мардуми афғонистонӣ ва бо тамоми кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои хуб дошта бошад.
Номбурда ба пешрафти дастовардҳои сиёсияшон ишора карда гуфтааст, ки мехоҳанд, Афғонистон аз ҷиҳати иқтисодӣ пуле байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ бошад, то "мо тавонем шукуфоиро ба тамоми минтақа биёварем".

"Мо намегузорем, ки ҳеҷ кишваре ба Афғонистон дахолат, онро ишғол ва аз қаламрави Афғонистон бар зидди дигарон истифода кунад",- таъкид кардааст Муттақӣ.

Намояндаи толибон дар бораи муассирии муборизаашон бо ДОИШ* ишора карда гуфтааст, ки "давоми ҳафт моҳи охир он чӣ, ки мо кардем, ИМА ва 40 мамлакати дигар иҷро карда натавонистанд".
Вазири хориҷаи ҳукумати муваққати толибон ҳамчунин фиристодани нерӯи зиёд ба марзҳояш, аз ҷумла бо Тоҷикистонро шарҳ дод.

"Мо барои рафъи нигарониҳо дар марз бо Тоҷикистон нерӯ фиристодаем. Мо барои расидагӣ ба нигарониҳои кишварҳои дигар иқдомоти ҷиддӣ андешидем",- гуфтааст Муттақӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Покистон низ нигаронӣ дошт ва барои таъмини амният дар манотиқи марзӣ корҳое анҷом дода, бо Эрон низ иқдомоти калидӣ гирифтаанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Лавров аз оғози маъмурияти нахустин дипломати ҳукумати толибон дар Русия хабар дод
Маврид ба зикр аст, ки ин гурӯҳ сар аз моҳи августи соли 2021 бар Афғонистон тасаллут дорад, аммо то ҳол бинобар иҷро накардани ваъдаҳояш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нагаштааст.
Ҳамзамон васфи Муттақӣ дар бораи мубориза бо терроризм дар ҳолест, ки қаблан Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфта буд, далоили мувассақ доранд, ки толибон бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла "Ал-қоида" робитаашонро қатъ накардаанд.
Ӯ гуфт, ҳоло Афғонистон ба паноҳгоҳи амни террористон табдил шудааст.
Лентаи хабарҳо
0