Уфти қурби доллар дар Тоҷикистон нархи орду рӯған ва шакарро поён бурд

© Sputnik / Амир ИсаевМешки с мукой
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Обуна шудан
Дар пайи коҳиши арзиши доллар қимати нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон низ рӯ ба арзонӣ ниҳод
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Ҳудуди ду ҳафта қабл дар пасманзари боло рафтани қурби доллар болоравии нархи маводи ниёзи аввал, аз ҷумла орд, рӯған ва шакар бахши аъзами аҳолии кишварро ба таҳлука оварда буд.
Як ҳафта ба ин тараф қимати доллар пайваста поён меравад ва дар ин ҷараён нархи маҳсулоти воридотии бозорҳои Тоҷикистон ҳам беш аз пеш коҳиш меёбад.
Казахстан предоставил Таджикистану 10 тысяч тонн гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Мақомоти Суғд: Дар анборҳо захираи зарурии ғалла мавҷуд аст
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз чанд бозори калони Суғд дидан кард ва маълум намуд, ки нархи кадом маҳсулот дар муқоиса ба як ҳафтаи қабл арзон шудааст.
Нархи орд, аз умдатарин маводи ниёзи хонаводаҳои тоҷик, ки асосан гандуми он аз хориҷ ба коргоҳҳои ордтавлидкунии кишвар ворид мешавад, вобаста ба навъаш ба 300–295 сомонӣ расидааст.

"Чанд рӯз қабл аз ҳисоби болоравии қурби доллар 50 кило орди навъи якум то 315 сомонӣ расида буд. Ҳоло нарх то 295 сомонӣ арзон шудааст. Нархи 50 кило орди навъи дуюм аз ин арзонтар, 265 сомонӣ шуд”, - гуфт яке аз ордфурӯшони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд.

Бино ба гуфти фурӯшандаҳо, ҳоло нархи рӯғани рустанӣ низ то 110-100 сомонӣ поин рафтааст. Як ҳафта қабл нархи 5 литр рӯғани офтобпараст 130 сомонӣ ва рӯғани пунбадона 120 сомонӣ рақам зада мешуд.
Карим Саидов, як шакарфурӯши бозори “Фаровон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, ки бо вуҷуди серхариддор будани бораш нархи он арзон шудааст.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Ҳушдори Сандуқи байналмилалии пул дар бораи заифшавии доллар
"Як ҳафта қабл 10 кило шакари истеҳсоли Русия 130 сомонӣ ва шакари истеҳсоли Покистону Ҳиндустон 120 сомонӣ буд. Ҳоло беш аз як сомонӣ сари ҳар кило арзон шудааст”, - афзуд Саидов.
Ин фурӯшандаи бозор таъкид намуд, ки ин навъи маҳсулоти бозор аз хориҷ ворид мешавад ва инак, дар пасманзари уфти арзиши доллар нархи он ҳам коҳиш ёфтааст.
Дар оғози моҳи март арзиши доллар то ба 14 сомонӣ боло рафта буд, ки боиси якбора болоравии нархи маҳсулоти бозор гардид. Ҳоло бештар аз як ҳафта аст, ки қурби доллар ба таври қобили мулоҳиза поин меравад.
Лентаи хабарҳо
0