Қимати интернет дар Тоҷикистон афзуд: муштарипулӣ ҷорӣ кардаанд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМужчина со смартфоном в руках
Мужчина со смартфоном в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Даҳҳо муштарии ширкати "Tcell" аз истифодаи шабакаи интернет бебаҳра монданд
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Бузургтарин ширкати мухобиротии Тоҷикистон, "Tcell" барои истифода аз баъзе тарофаҳои интернетрасон муштарипулии моҳона ҷорӣ намуд.
Якбора даҳҳо муштарии ширкати "Tcell" аз истифодаи шабакаи интернет бебаҳра монданд.
Баъдтар сабаби ин мушкили пешомада маълум шуд, ки нокифоя будани маблағи тавозуни симкорти муштарӣ ба андозае, ки ширкат сар аз имрӯз барои ҳар моҳ муқаррар намудааст, будаааст.
Анӯшервон Ёдгоров, сокини шаҳри Хуҷанд ва муштарии "Tcell" гуфт, ширкат барои симкортҳои онҳо пардохти моҳона ҷорӣ намудааст.

“Имрӯз то нимаи рӯз ба интернет пайваст шуда натавонистам. Ҳатто ба бахши маълумотдиҳӣ (кол сентр)-и ширкат ҳам тамос гирифтан ғайриимкон буд. Аз офиси "Tcell" гуфтанд, ки барои фаъол шудани интерент 5 сомонӣ муштарипулӣ пардохт намоед”, – гуфт ӯ.

Ин муштарии ширкати мухобиротӣ мегӯяд, ба мисли вай даҳҳо нафар барои маълум намудани сабаби қатъ шудани интерент дар симкортҳояшон дар назди идораи "Tcell" ҷамъ омада буданд.
Армуғони наврӯзӣ. Дар ВМКБ интернет фаъол шуд
Дар ҳамин ҳол як оператори "Tcell" зимни суҳбат гуфт, ки дар хизматрасонии ду тарофаи интернетрасони ширкат, “Ҳамкор” ва “Бизнесмен” тағйирот ворид шуда, ба ғайр аз маблағи истифодаи мегабайтҳо минбаъд ҳар моҳ аз ҳисоби симкорт муштарипулӣ ба андозаи 5 сомонӣ ситонида мешавад.
То замони пардохт нашудани ин миқдор муштарипулӣ интернети симкортҳо фаъол намегардад.

“Ширкат ҳам интернетро хариддорӣ карда, дастрас мекунад, бинобар рӯйпӯш намудани баъзе хароҷот чунин муқаррарорт ҷорӣ карда шудааст”, – шарҳ дод оператор.

Ширкати "Tcell" дар умум чиҳил тарофаи муоширативу интернетӣ ба муштариёнро пешниҳод намуда ва ҳоло бештар аз 60 дарсади бозори мухобиротиро дар ихтиёр дорад.
Муштариёни ин ва дигар ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бештар аз суръати паст ва нархи гарони интернет шикоят мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0