Дар Душанбе фестивали "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон" баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевШкольная ярмарка в Душанбе
Школьная ярмарка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон бо шукуҳ таҷлил мешавад ва ба муносибати ин ҷашн дар пойтахт Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба мудири Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода.
Иттилоъ дода шудааст, ки фестивали мазкур то санаи 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома меёбад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он намоиши китоб таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон баргузор гардида, суратдалел аз ҷараёни баргузории фестивалҳои гузашта, порчаҳо аз намоишҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва намоиши Сирки давлатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешаванд.
Студенты на лекции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ дониста шуд
Барои муайян намудани ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин гардидаанд.
Дар рӯзи охири фестивали мазкур созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли он, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар саросари ҷаҳон ҳамасола 2 апрел Рӯзи байналмилалии китоби кӯдакон таҷлил мегардад.
Лентаи хабарҳо
0