Чангу ғубор ва гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавои Тоҷикистон бебориш ва гарм мешавад, вале манотиқи ҷануби кишварро ҳамоно чангу ғубор фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистонро ҳавои гарму бебориш интизор аст.
Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа сард, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ағбаҳо меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Ҳушдори КҲФ аз хокбод ва хатари тармафароӣ
Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0