Нозирон аз Тоҷикистон раъйпурсӣ дар Сербистонро назорат мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешВыборы президента в посольстве Таджикистана в Москве
Выборы президента в посольстве Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳамоҳангсозии нозирони байналмиллалии СПАД-ро вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Владимир Новиков анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Нозирони Ассамблеяи парлумонии СПАД, аз ҷумла аз Тоҷикистон вориди Сербистон шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки нозирони АП СПАД бори нахуст мониторинги байналмилалӣ дар бораи омодагию баргузории интихоботи навбатии президентӣ дар Сербистон ва интихоботи пеш аз муҳлати вакилони парлумонии ин кишварро анҷом медиҳанд.
"Ба ин гурӯҳ намояндагони порлумонҳои кишварҳои СПАД: маҷлиси миллии Арманистон ва Беларус, Шӯрои олии Қирғизистон, Шӯрои федератсия ва Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Русия, порлумони Тоҷикистон шомиланд", - афзудааст манбаъ.
Ҳамоҳангсозии нозирони байналмиллалии СПАД-ро вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Владимир Новиков ба ӯҳда дорад.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Сербистон ва интихоботи пеш муҳлати порлумонии ин кишвар рӯзи якшанбеи 3 апрел баргузор мешавад.
Интихоботи қаблии парлумонӣ дар ин кишвар соли 2020 баргузор шуда буд.
Имсол дар интихоботи порлумонӣ тамоми нерӯҳои сиёсии Сербистон ширкат мекунанд.
Ҳизби пешравии Сербистон аз пештозон буда, раҳбари он - президенти кунунии ин давлат ва ҷонибдори шарикии стратегӣ бо Русия Александр Вучич мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0