Дар Русия қасд доранд ба муҳоҷирон иҷозаи иқомати доимӣ диҳанд: кӣ метавонад дархост кунад

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники электрической подстанции японского агентства JICA
Сотрудники электрической подстанции японского агентства JICA - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Баъзе категорияҳои хориҷиёне, ки дар Федератсияи Русия кор мекунанд, метавонанд иҷозатномаи иқомати бемуҳлат гиранд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Мақомоти Русия масъалаи додани иҷозаи иқомат ба тоифаҳои муайяни шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, кадрҳои баландихтисос, ки аз хориҷи кишвар барои кор ба Русия омадаанд, метавонанд барои гирифтани чунин иҷозатномаи иқомат муроҷиат кунанд.
Лоиҳаи қонуни дахлдори Вазорати рушди иқтисод дар ин хусус аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия дастгирӣ ёфт.
Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Сохтмони Русия бе муҳоҷирони корӣ пеш меравад?
Тавре аз матни санад бармеояд, агар мутахассиси хориҷӣ дар Русия на камтар аз 2 сол кор карда, андоз супорад ва иҷозаи иқомат дошта бошад, ба чунин корманд бояд иҷозаи иқомати бемуҳлат дода шавад.
Андозаи музди кори чунин мутахассис низ пешбинӣ шудааст, он дар як семоҳа на камтар аз 750 ҳазор рубл бошад.
Ҳадаф аз ин навовариҳо имкони нигоҳ дошатни мутахассисон дар Русия гуфта мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар баъзе минтақаҳои Русия хуруҷи муҳоҷирони корӣ ба мушоҳида мерасад. Коршиносон қайд мекунанд, ки то ҳол ҷамъӣ тарки кор кардани коргарони хориҷӣ аз сохтмонҳо Русия мушоҳида нашудааст, аммо тамоюли ин раванд ба назар мерасад.
Прибытие поезда. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Федератсияи муҳоҷирон дар бораи рафтани шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия гуфт
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ходими ҷамъиятӣ ва раиси собиқи Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рафтанӣ нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар робита ба таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд, бинобар ин шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.
Раиси Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов низ ба ҳамин назар аст.
Федерасия сабаби ихтисори оммавии хориҷиёнро аз кор намебинад. Ҳоло дар Русия бисёр ҷойҳои кори холӣ маҷуданд ва корфармоён дар баъзе навоҳӣ аз норасоии кадрҳо мегӯянд.
Лентаи хабарҳо
0