Аз тирпарониву бозиҳои қурби асъор то ҷашну гаронӣ – хулосаи март дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевУкрашение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии
Украшение города Душанбе перед саммитом лидеров стран Совещания по взаимодействию и мерам доверия в Азии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Баробари ифтитоҳи иншооти наву баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ нигарониҳо аз гароншавии маҳсулоти озуқа, арзиши асъори хориҷӣ ба назар мерасиданд. Бо як ибора моҳи март муқаррарӣ ва ором паси сар нашуд
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Ҷаҳон гӯё шоҳиди як таҳаввулоти бузурги ҷаҳонӣ мешаванд.
Баробари оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, мавзуи коронавирус ки қариб тайи се соли охир мубрамтарин мавзӯъ дар тамоми ҷаҳон буд, фаромӯш шуд. Ҷои онро баҳсҳои сиёсӣ, изҳоротҳои “бузург”, таҳримҳои беохири Аврупо нисбати Русия, уфту хези арзиши рублу доллар, гароншавии газ дар Аврупо, аз мағозаҳо ғайб задани бархе намуди маҳсулот гирифт.
Албатта, ин ҳама таҳаввулот ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва махсусан иқтисодии Тоҷикистон, ки Русия бо сабабҳои маълум вобастагии зиёд дорад, бетаъсир намонданд.
Sputnik Тоҷикистон пасту баландиҳои моҳи рафтаро ба ёд меорад.

Иқтисод: рубл уфтоду орд дар ҷумҳурӣ гарон шуд

Уфти рубл аввали моҳ ва гароншавии доллар сахт ба нархи наво дар бозорҳо таъсир кард. Аввали моҳ, вақте Бонки миллӣ 5 март арзиши рублро 102 сомонӣ ба 1000 рубл эълон кард, бонкҳо ин нишондодро ба 96 сомонӣ фаровардаву таҳлукаи мардумро бештар карданд.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Ҷаҳиши якбораи қурби рубл ва коҳиши арзиши доллар дар Тоҷикистон
Дар пасманзари ҷаҳиши якбораи қурби асъор қимати маводи ғизоӣ дар ҷумҳурӣ боло рафт.
Нархи маводи аввалияи ғизоӣ: орд, рӯғани рустанӣ, қанд, макарон ва ғайра гарон шуд. Афзун бар ин Русия бо бархе далелҳо содири шакар ба Тоҷикистонро манъ кард, ки ин низ дар иқтисод бетаъмир набуд.

Боз ҷанҷол дар марз

Се моҳи ахир марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷанҷолист. Пас аз ҳодисаҳои моҳи январ ҳанӯз сокинони марзӣ ба худ наомада буданд, ки 10 март дар маҳаллаиГовсори Чоркӯҳ боз тирпарронӣ сар зад.
Ин дафъа сарҳадбонони қирғиз ба сӯйи чанд сокини деҳа, ки ба шинонидани ниҳол дар заминҳои худ машғул буданд, шиллик карданд.
Дар натиҷаи ин тирпаронӣ Суннатулло Самадов, аз сарбозони марзбони тоҷик дар марзи кишвар бо Қирғизистон кушта шудааст.
Шаби 10 ба 11 март вазъи ноором идома карда, тирпаронӣ дар маҳаллаҳои маъруф ба Лангар, Қақир ва Қуммазори Чоркӯҳ сурат гирифтааст.
Бино бар иттилои сокинон тирпарронӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз ба ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Посухи Тошиев ба такрори ҳаводиси марзӣ бо Тоҷикистон ва тамринот бо "Байрактар"
Дар пайи ин ҳодисаҳо, 12 март ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон ба мизи мулоқот нишатсанд, ки ҳудуди 7 сота давом дошт.
Дар натиҷа дар бораи масъалаҳои марзӣ бо имзои як санад (протокол) ба анҷом расид. Аммо бо ин қазияи марзии навбатӣ ба анҷом нарасида, 13 март бох тирҳои марзбонони қирғиз ба дарахтону девори хонаи сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара расиданд.
Манбаъ аз шаҳрдории Исфара бо таъйиди ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон изҳор кард, ки фавран қазияро бо марзбонҳои қирғиз дар миён гузоштаанд.
"Мақомоти сарҳадбонии кишвари ҳамсоя гуфтаанд, ки сарбозону афсарон он вақт ба парондани саг машғул шудаанд, ки чанд дона тири шилликшуда ба хонаи сокини деҳаи Сомониён расидааст”, – гуфт мусоҳиб.

Сиёсат: аз ҳамкориҳои нав бо Миср, то эълони мараторий

9 март Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Миср сафар кард байни ду кишвар 5 санади ҳамкорӣ имзо гардид.
16 март президент бо як фармони худ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон кард.
Кишвардорони Тоҷикистону Миср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Миср
Тибқи фармони мазкур, аз 16 марти соли 2022 бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба тасвиб расида, дар асоси он ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 мораторий эълон карда мешавад.
18 март Кодекси манзил ба имзо расид.Кодекси нав асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хидматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим мекунад.

Агрегати нави нерӯгоҳи барқӣ боз шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Левакант агрегати савуми нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро ба кор даровард. Гуфта мешавад, тавоноии агрегати мазкур пас аз таҷдиду навсозӣ ба 49 мегаватт баробар шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин нерӯгоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.
Эмомали Рахмон - запуск двух отреставрированных агрегатов ГЭСа Сарбанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Раҳмон дар Левакант агрегати савуми "Сарбанд"-ро ба кор даровард
Сохтмонинерӯгоҳимазкур соли 1956 оғозгардида, аввалинагрегати он соли 1962 ба кордаровардашудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тулонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ, гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шудабуданд.
Маврид ба зикраст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт зиёдшуд.
Гузоришҳои дигари хушбинонаи дигари моҳи март бардошта шудани маҳдудияти парвозҳо байни Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин барарор шудани рафтуомади сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои якдигар, баргардони шаҳрвандони Тоҷикистон аз Укроина, фаъол шудани интернет дар МВКБ ва баргузор шудани бузургтарин ҷашнвора Қаҳрамонии Осиё дар риштаи дучархаронӣ дар Душанбе буд.
Лентаи хабарҳо
0