Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Дар Тоҷикистон зидди COVID-19 масунияти оммавӣ ташаккул ёфтааст

© Sputnik Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аксари сокинони Тоҷикистон зидди коронавирус пурра моякӯбӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон иммунитети омма алайҳи сирояти коронавирус ташаккул ёфтааст. Дар ин бора гузориши Вазорати тандурустии кишвар шаҳодат медиҳанд.
Ҳамин тариқ, то 27 марти соли 2022 беш аз 5 миллион нафар бар зидди COVID-19 эм карда шуданд, ки 92,2% аҳолии калонсоли кишварро ташкил медиҳад.
Вояи дуюми доруро 4,9 миллион нафар (87,5%) гирифтаанд. Зиёда аз як миллион нафар (19,5 фоиз) то имрӯз дубора эм карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки 17 феврал дар кишвар 3 ҳолати охирини сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар маҷмуъ, аз оғози бақайдгирии COVID-19 дар Тоҷикистон 17388 нафар бемор шуда, 17249 нафар (99,2%) аз ин беморӣ шифо ёфта, 124 нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷон доданд.
Больница Худжанда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2022
Карантин тамом: шифохонаи бемориҳои сироятии Суғд ба реҷаи одии кор бармегардад
Раҳбати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Аврупо Ҳанс Клюге чанде пеш гуфта буд, ки масунияти оммавӣ бо 80% одамоне, ки бар зидди COVID-19 ваксина шудаанд, ташаккул меёбад.
Ҳамин тариқ метавон гуфт, дар Тоҷикистон масунияти оммавӣ бар зидди COVID-19 ташаккул ёфтааст.
СҶБ ҳушдор дод, ки COVID-19 охирин пандемия нахоҳад буд
Саидбек Сатторов, профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тавзеҳ дод, ин ба он маъност, ки ҳангоми дарёфти антитело дар қисми зиёди аҳолӣ паҳншавии сироят суст ва ҳатто қатъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ваксиназанӣ бар зидди COVID-19 дар кишвар барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ аст. Дар ҷумҳурӣ метавон бо яке аз ин 5 дору – "Sputnik V", "AstraZeneсa", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон ваксина гирифт.
Лентаи хабарҳо
0