Чин: Муноқиша дар Украина набояд ба тиҷорат бо Русия таъсир расонад

© Sputnik / Ильдус ГилязутдиновГосударственные флаги России и Китая
Государственные флаги России и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Директори Департаменти аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Чин мегӯяд, кишвараш дар низоъ дар Украина даст надорад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Муносибатҳои тиҷоратии Пекин бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Маскав бинобар вазъ дар Украина наметавонанд таъсир расонанд гуфт Ван Лутунг, директори Департаменти аврупоии Вазорати корҳои хориҷии Чин дар брифинге дар шарҳи нишасти сарони Чин ва Иттиҳоди Аврупо.
"Мо дидаву дониста коре намекунем, ки аз таҳримҳои аз ҷониби ИМА ва ИА алайҳи Русия ҷоришуда канорагирӣ кунем. Шумо мавқеи моро медонед, мо ба таҳримҳо мухолифем... Чин дар низои Украина даст надорад ва мо бовар намекунем, ки тиҷорати муқаррарии мо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар таъсир расонад", - гуфт Лутун.
Вай таъкид кард, ки кишварҳои ғарбӣ аз ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия комилан даст накашидаанд.

"Ҳатто Аврупо бо Русия тиҷорати хуб мекунад, шумо тамоми тиҷорати худро бо Русия қатъ накардаед ва ба ҳамкориҳои маъмулии тиҷории мо бо Маскав набояд таъсир расад", - хулоса кард директори департамент.

Ба гуфтаи ӯ, шуғл ва сатҳи зиндагӣ дар Чин ба тиҷорати муқаррарӣ бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия баста аст.
Ванг Лутунг афзуд, ки таҳримҳои дахлдор метавонанд арзҳо, тиҷорат ва молия, инчунин занҷирҳои таъминот ва истеҳсолот, ҷаҳонишавӣ ва ҳатто низоми иқтисодии пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барқароршударо зери хатар гузоранд.
Председатель Китайской Народной Республики (КНР) Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Си Ҷинпин: Иқтисоди ҷаҳонӣ набояд ҳамчун силоҳ истифода шавад
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0