Русия ба муҳоҷирон ду баробар зиёд патент барои кор додааст

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Русия нисбат ба соли қаблӣ ба муҳоҷирон бештар патент барои кор додааст
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар Русия аз аввали сол шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ду баробар бештар патент додаанд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маводи Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи вазъи муҳоҷират дар ин кишвар дар моҳҳои январ-феврал хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат 271 573 патент барои кор дода шудааст. Дар ҳамин ҳол дар ҳамин давраи соли 2021 112 329 муҷаввизи кор барои муҳоҷирон тақдим шудааст.
Илова бар ин, ба гуфтаи ин ниҳод, теъдоди муҷаввизҳои кор дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ низ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
Сотрудники электрической подстанции японского агентства JICA - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Дар Русия қасд доранд ба муҳоҷирон иҷозаи иқомати доимӣ диҳанд: кӣ метавонад дархост кунад
Дар натиҷа дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 12 ҳазору 741 адад чунин санад дода шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли қаблӣ 6 ҳазору 960 буд.
Қобили зикр аст, ки ин тамоюл аз аввали соли 2021 идома дорад.
Дар соли 2021 аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 2,221 миллион патент дарёфт шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2020 ду баробар бештар буд. Он замон, ки авҷи коронавирус буд, 1 миллиону 133 ҳазор муҳоҷир патент дарёфт карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки барои гирифтани патент шаҳрвандони хориҷӣ бояд ариза, шиноснома, корти муҳоҷират бо нишон додани мақсади сафар "кор", маълумотномаҳои тиббӣ, полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ, инчунин шаҳодатнома дар бораи супурдани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0