Аз рӯза бе саҳархӯрӣ то нагирифтан дар муҳоҷират: посухи шӯро ба суолҳои тоҷикистониён

© Sputnik / Амир ИсаевПохороны Бозора Собира, Председатель Совета улемов Таджикистана муфтий Саидмукаррам Абдукодирзода
Похороны Бозора Собира, Председатель Совета улемов Таджикистана муфтий Саидмукаррам Абдукодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба суолҳои мусалмонони кишвар дар мавриди Рамазон, аз ҷумла дар бораи рӯза бе саҳархӯрӣ, обнӯшӣ аз фаромӯшӣ, оббозӣ, рӯзахӯрӣ дар муҳоҷират, қоидаи хуфтухез бо ҳамсар ва оқибати рӯзашиканӣ посух додааст
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Бархе аз корбарон таъкид кардаанд, ки саҳаргоҳон бисёри вақт дар хоб мемонанд ва рӯзаро бидуни саҳархӯрӣ медоранд.
Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки саҳархӯрӣ кардан суннат аст ва аҷру савобу баракат дорад, тарк кардани он макруҳ аст.
“Саҳархӯрӣ кардан суннат аст, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Саҳархӯрӣ кунед, ки дар саҳархӯрӣ баракат аст”. Агар шахсе дар хоб монд ва саҳархӯрӣ карда натавонист, албатта, бояд нияти рӯза кунад ва рӯза дорад, дар ин ҳолат хӯрдани рӯза барояш дуруст нест”, - изҳор доштааст Шӯрои уламо.
Дар сомонаи Шӯрои уламо инчунин як муҳоҷир меҳнатӣ дар Русия вазъашро баён доштааст, ки қарздор асту агар кор кунад, рӯза дошта наметавонад. Дар чунин ҳол чӣ бояд кард, суол додааст, муҳоҷири қарздор.
Рамазан–2022 в Таджикистане:
расписание поста по дням - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Рамазон - 2022: тақвими рӯза
“Бародари азиз, шумо пеш аз ҳама ҳалли мушкилоти худро аз Худованди Раззоқ талаб кунед ва дар дили шаб холисона дуо кунед, иншоаллоҳ, Худованд кафҳои дасти шуморо холӣ барнамегардонад. Рӯза фаризаи илоҳӣ аст ва ба сабаби қарздорӣ аз зиммаи мусалмон соқит намешавад. Шумо ҳиммати баланд дошта бошед ва аз мушкилот наҳаросед, умед аст, ки комёб мешавед. Худованд ба шумо кушоишу раҳоӣ аз қарзро насиб гардонад ва ба хонаводаи шумо тавфиқу баракат ато фармояд”, - дуо додааст Шӯрои уламо.
Дар мавриди дигар Ато, муҳоҷири дигар пурсидааст, ки кор вазнин аст ва раис сабукиеро дар Рамазон ироа накардааст, оё хӯрдани рӯза мумкин аст?

“Агар аз тарафи коргоҳ ягон тахфиф ва осонӣ барои коргарон сурат нагирад, ин ҳолат барои шумо узр ҳисобида мешавад, метавонед рӯзаро бихӯред ва дар вақти дигар қазои онро ба ҷо оваред”, - таъкид намудааст Шӯро.

Насрулло, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, беморе дар моҳи Рамазон рӯза гирифта натавонист ва чӣ гуна каффорати рӯза медиҳад?
“Бародари азиз, барои шахси бемор каффорат нест, балки пас аз сиҳҳат ёфтан дар вақти муносиб қазои рӯзаро медорад”, - омадааст дар посух.
Ин ниҳод ба Гулрӯ, ки бемор асту бо тавсияи духтур дар нисфирӯзӣ бояд дору истеъмол кунад, маслиҳат додааст, ки рӯзаашро хӯрда, доруро истеъмол намояд ва баъд аз Рамазон рӯзҳои хӯрдаашонро қазо дорад.
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2022
Дар Тоҷикистон ҳаҷми закот ва фитри рӯзаро эълон карданд
Суоли дигар дар мавриди дандоншӯӣ аст, ки оё рӯзаро мешиканад? Дар посух омадааст, “шустани дандон бо мисвоки табиӣ ва шеткаи дандоншӯӣ бидуни хамира (паста) боке надорад, аммо шустани он бо хамираи дандоншӯӣ макруҳ аст, агар дар ҳолати шустан бо хамира чизе аз он ба ҳалқаш фурӯ равад, рӯзааш мешиканад”.
Валиҷон аз он пурсидааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон надониста об хӯрдан рӯзаро мешиканад?
“Агар шахси рӯзадор бо фаромӯшӣ чизе бихӯрад ё бинӯшад, рӯзааш намешиканад”, - изҳор доштааст Шӯрои уламо ва дар мавриди дигар таъкид намудааст, ки “агар пас аз нияти рӯза кардан чизе хӯрдаед ё ҳамхоба шудаед, пас лозим аст, ки ду моҳ паёпай рӯзаи каффорат доред”.
Дар бораи рӯзахӯрии бисёри мусофирбарони масирҳои байнишаҳрӣ, аз ҷумла Душанбе – Хуҷандро Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, ки барои мусофир хӯрдани рӯза иҷозат аст.
“Барои шахси мусофир иҷозат аст, ки рӯзаро бихӯрад, вале агар рӯза доштан ба ӯ зарар накунад, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) хуб аст, ки рӯза бидорад. Ин ронандаҳо мусофир ҳастанд, бинобар ин, хӯрдани рӯза барои онҳо ҷоиз буда, қазои он бар зиммаашон лозим аст”, - таъкид намудааст Шӯрои уламо.
Дар мавриди сарусадо атрофи мамнуъ будани оббозӣ дар ҳангоми рӯзадорӣ Шӯрои уламо посух додааст, ки оббозӣ кардан дар моҳи Рамазон дуруст аст, хоҳ дарё бошад ва ё ҳавз. Муҳим ин аст, ки эҳтиёт намояд, то ки аз даҳон ё бинӣ об надарояд, илова намуд манбаъ.
Ба суолҳо дар мавриди ҳамхобагӣ бо ҳамсар дар моҳи шарифи Рамазон Шӯрои уламо таъкид намудааст, ки ҳамхоба шудан бо ҳамсар дар шабҳои моҳи шарифи Рамазон боке надорад. Ҳар фарде, ки дар моҳи Рамазон рӯзона бо ҳамсари худ қасдан ҳамхоба шавад, каффорат медиҳад, таъкид намуааст ин ниҳод.
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Супориши Раҳмон: Дар Рамазон шаҳрвандонро бо маводи ниёзи аввал таъмин кунед
Бархе корбарон инчунин дар бораи занҳое суол кардаанд, дар рӯзҳои вақти ҳайз рӯза нагирифтаанд ва чӣ кор бояд кунанд?
“Албатта зане, ки дар ин миён ҳайз дид, то пок шуданаш аз идомаи рӯза худдорӣ мекунад ва ин ба каффорати ӯ халале ворид намекунад. Пас аз пок шудан ӯ метавонад, ки рӯзаи каффораташро идома дода ба поён расонад. Аммо агар дар аснои адои рӯзаи каффорат нифос шавад, рӯзаи каффорати ӯ бекор мешавад, яъне баъд аз тамом шудани давраи нифос рӯзаи каффораташро бояд аз сари нав оғоз кунад ва ба поён расонад”, - таъкид намудааст Шӯро.
Шӯрои уламо дар маҷмуъ иттилоъ додааст, ки шартҳои вуҷуби рӯза иборат аст аз ислом, булуғ, ақл, саломатӣ, иқомат ва шартҳои сиҳҳати он иборат аст аз ният, пок будан аз ҳайзу нифос, пок будан аз ашёе, ки онро табоҳ мекунанд.
“Рӯза ин аст, ки аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамбистарӣ худдорӣ кунед”, - таъкид кард Шӯрои уламо бо такя ба китоби “Ал-фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳу”.
Лентаи хабарҳо
0