Си Ҷинпин: Иқтисоди ҷаҳонӣ набояд ҳамчун силоҳ истифода шавад

© Sputnik / Михаил КлиментьевПредседатель Китайской Народной Республики (КНР) Си Цзиньпин, архивное фото
Председатель Китайской Народной Республики (КНР) Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Чин гуфт, ки сохтори иқтисоди ҷаҳонӣ кайҳо боз бо талошҳои ҳама кишварҳо шакл гирифтааст ва набояд ҳамчун силоҳ истифода шавад ва ё сиёсӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Си Ҷинпин, президенти Чин рӯзи ҷумъа дар як нишасти видеоӣ бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки сохтори кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ чаҳорчӯбаест, ки бо талошҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон дар тӯли солҳои зиёд шакл гирифтааст.
"Ҳамаи ҷонибҳо бояд ин дастовардҳоро гиромӣ доранд, наметавон носанҷида ба низоми кунунии иқтисодии ҷаҳонӣ зарба зад", - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи президенти Чин, табдили иқтисод ба фишангҳои сиёсӣ ва ё силоҳ боиси ба вуҷуд омадани буҳронҳои ҷиддӣ дар бахшҳои молия, тиҷорат, энергетика, илм, технология, саноат ва хӯрокворӣ ва ғайра хоҳад шуд
Ӯ афзуд, Чин ва Иттиҳоди Аврупо бояд барои ҷилавгирӣ аз густариши пайомадҳои манфии буҳрони Украина, бавижа ба иқтисоди ҷаҳонӣ талош кунанд.
Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
ВУХ-и Чин мавқеашро дар мавриди Украина воқеъбинона ва одилона хонд
Дар ин мулоқот Чарлз Мишел, комиссари Иттиҳодияи Аврупо, Урсула фон дер Лайн, комиссари Иттиҳодияи Аврупо, Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Ли Кетсян, нахуствазири Чин ширкат карданд.
Ӯ ҳамзамон дар бораи буҳрони Украина бо изҳори таассуф гуфтааст, ки кишварҳои сеюм вазифадоранд, ба раванди музокироти Русия ва Украина кумак кунанд, на буҳронро ташдид кунанд.

"Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба фароҳам овардани шароит барои раванди музокира миёни Русия ва Украина идома диҳад, фазо барои ҳалли сиёсӣ пайдо кунад, аммо ба оташ рӯған нарезад ва ихтилофҳоро ташдид накунад", - таъкид кард ӯ.

Вай афзуд, ҳоло Пекин ва Брюссел бояд ҳама корро анҷом диҳанд, то аз густариши буҳрон ва тахриби пояҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд.
"Набояд тамоми ҷаҳонро ба ин масъала кашид, илова бар ин наметавон мардуми оддии тамоми кишварҳои ҷаҳонро маҷбур сохт, ки барои он баҳои баланд пардозанд", - гуфт раисҷумҳури Чин.
Ба гуфтаи ӯ, агар вазъ бадтар шавад, барои барқарор кардани иқтисоди ҷаҳонӣ шояд “солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо” лозим шавад.
Лентаи хабарҳо
0