Тоҷикистон 14 дастгоҳи маҳвкунандаи партовҳои тиббӣ дастрас кард

© Пресс-служба Министерства здравоохранения и социальной защиты населения ТаджикистанаПередача медоборудования для безопасной утилизации медицинских отходов
Передача медоборудования для безопасной утилизации медицинских отходов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин дастгоҳҳо аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Тоҷикистон тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14 дастгоҳи вижаи партовнобудкунӣ тақдим гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дастгоҳҳои мазкур дар доираи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) оид ба "Устувор намудани системаи глобалии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" харидорӣ шудаанд.
Мутахасиссон мегӯянд, партовҳои тиббӣ ба кормандони соҳаи тиб, беморон ва муҳити атроф зарари зиёд мерасонанд.
Барои ҳамин ҷамъоварӣ, интиқол ва маҳви бехатари партовҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалитяноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонТоҷикистон 14 дастгоҳи маҳвкунандаи партовҳои тиббӣ дастрас кард
Тоҷикистон 14 дастгоҳи маҳвкунандаи партовҳои тиббӣ дастрас кард  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2022
Тоҷикистон 14 дастгоҳи маҳвкунандаи партовҳои тиббӣ дастрас кард
Дастгоҳҳои мазкур шароити мусоидро барои муттамаркиз ва несту нобуд сохтани партовҳои тиббӣ фароҳам меоранд.
Манбаъ афзуда, ки мувофиқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ин дастгоҳҳо ба шаҳру ноҳияҳо дастрас ва васл карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0