Амрико: Нерӯҳои вижаи артиши пешини Афғонистон ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастанд

© AP / Rahmat GulСолдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото
Солдат афганской национальной армии на контрольно-пропускном пункте в Кабул-Джелалабаде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бозрасии вижаи ИМА дар умури бозсозии Афғонистон ба нақл аз Ожонсии иттилоот дифоии Амрико гуфтааст, ки сарбозони артиши ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҷумла фармондеҳон ба Ҷабҳаи муқовимат алайҳи Толибон пайвастаанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, раиси равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат бо таъйиди ин иддаои СИГАР гуфтааст, ки нерӯҳои пешин сутуни фақароти ин ҷабҳаро ташкил медиҳанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Назарӣ дар твиттери худ дар истинод ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат навиштааст, ки ин ҷабҳа дар пайи эҳёи артиши собиқи Афғонистон аст.
Артиши Афғонистон дар моҳи августи соли гузашта, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба дасти толибон суқут кард.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, баровардани шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0