Бунёди 145 корхонаи нав дар Суғд дар соли равон

© Sputnik / РАМИЗ БАХТИЯРОВСборка автомобилей MAN
Сборка автомобилей MAN - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд аз пешрафти саноат дар вилоят хабар дода, эълон намудаанд, ки дар давоми сол дар ин вилоят боз 145 корхонаи нав бунёд хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар як ҷаласае эълон кардаанд, ки тибқи нақша, соли равон дар шаҳру навоҳии ин вилоят 145 корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд, иттилоъ додааст сомонаи "Ҷумҳурият".
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят барои таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои масъули вилоятӣ ва вазорату идораҳои дахлдор барои сари вақт ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди минтақаҳои саноатӣ то 130 фоиз таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар соли равон супориш додааст.
Ҳамчунин раиси вилоят барои ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои вилоятӣ супориш дод.
Министр промышленности и торговли РФ Денис Мантуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Вазири саноат: Ҳеч ширкате нагуфтаст, ки барои ҳамеша тарки Русия мекунад
Бояд гуфт, ки соли 2021 дар вилоят 122 корхонаву коргоҳи нав, бо 3056 ҷойи кор таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати кимиё, маъдан, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис ёфтаанд.
Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,9 миллиард сомонӣ расонда шуд. Суръати рушди саноат бо нархҳои амалкунандаи корхонаҳо ба 136,7 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, ба 131,3 фоиз баробар гашт.
Мақомоти Суғд таъкид кардаанд, ин дастовардҳо имкон доданд, ки раванди афзоиши саҳми вилоят дар ташаккулёбии маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар идома ёфта, ҳиссаи саноати вилоят ба 55 фоиз баробар шавад.
Лентаи хабарҳо
0