Дар Турсунзода коргоҳи истеҳсоли нони хушк фаъол шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПредприятие "Вахдат" по производству носков в Таджикистане
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин коргоҳ дар корхонаи "Сардор-2008" ба истифода дода шуд ва ҳоло 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Парвиз Акрамзода, раиси ин шаҳр коргоҳи истеҳсоли нони хушк ба истифода дода шуд.
Ин коргоҳ дар корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ "Сардор-2008" фаъол гардид. Корхонаи мазкурро ҳанӯз соли 2020 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба истифода дода буданд.
Гуфта мешавад, коргоҳи мазкурро соҳибкори ватанӣ Шавкат Мадраҳимов фаъол намудааст.
Коргоҳи нави нони хушк бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз буда, 4 номгӯи маҳсулотро бо 8 таъм истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардонад.
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Тасмими мақомоти Турсунзода дар бораи бунёду навсозии 400 бино тайи чор соли оянда
Дар коргоҳи мазкур 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки корхонаи истеҳсоли хӯроквории "Сардор - 2008" дорои 6 сех, аз ҷумла сехҳои истеҳсоли картошкаи хушк, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимакка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва озмоишгоҳ иборат буд.
Дар ин корхона 250 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, зимни ифтитоҳи корхона аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ӯ ҷиҳати васеъ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ба соҳибкор дастуру супоришҳои мушахас дода буд.
Лентаи хабарҳо
0