Дар се навоҳии Хатлон нақшаи сарбозгирӣ иҷро шуд

Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои соҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ масраф мешавад, то онҳо дар курсҳои ронандагӣ таҳсил кунанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Хатлон аз иҷро шудани нақшаи даъват дар се ноҳия хабар дода шуд.
Ба иттилои "Фараж", дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ се ноҳия, аз ҷумла Носири Хусрав, Шамсиддини Шоҳин ва Балҷувон нақшаро пурра иҷро намуданд.
Гуфта мешавад, дар маъракаи даъвати ҷавоно ба артиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ иштирок намуд.
Проводы в армию таджикских новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Як вилояту 7 ноҳия: киҳо аввалин шуда, нақшаи даъват ба артишро анҷом доданд
Ӯ қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо барои cоҳибихтисос кардани даъватшавандагон ба маблағи 1 322 780 сомонӣ дар курсҳои ронандагӣ масраф мекунанд.
Ҳамзамон аз ҳисоби “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” 205 даъватшаванда дар курсҳои кӯтоҳмуддати кафшергарӣ, ошпазӣ, устои барқ, сартарошӣ, компютерӣ ва сантехникӣ омода карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар даъвати баҳории имсола низ ба мисли солҳои қаблӣ ВМКБ дар рӯзи аввали даъват нақшаашро иҷро кард.
ВМКБ панҷ сол боз, аз соли 2018 мароҳили даъвати ҷавонписарон ба хидмати ҳарбиро аввалин шуда иҷро мекунад.
Ба рӯйхати пешсафон навоҳии минтақаи Рашт низ имсол шомил шудаанд.
Ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.
Лентаи хабарҳо
0