Манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон аз сӯйи толибон

© PixabayМак, опиаты
Мак, опиаты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Ҳукумати феълии Афғонистон, гурӯҳи толибон эълон кардааст, ки кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон манъ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Толибҳо дар бораи манъи кишти кӯкнор дар тамоми қаламрави Афғонистон фармон содир ва эълон карданд, ҳар нафаре, ки фармони мазкурро нақз мекунанд “тибқи шариат” ҷазо дода мешаванд, иттилоъ додааст РИА "Новости".
“Бо фармони раҳбари олии Иморати Исломии Афғонистон (номи кишваре, ки толибҳо истифода мекунанд) ба ҳамаи афғонҳо мерасонем, ки аз ин ба баъд дар саросари кишвар кишти хашхош қатъиян манъ карда мешавад”, - иттилоъ додааст сухангӯи толибҳо Билол Каримӣ.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳосил кошташуда нобуд карда мешавад ва нисбати нафароне, ки фармонро нақз мекунанд, "тибқи қонуни шариат" чораҳо дида мешавад.
Илова бар ин аз сӯйи толибҳо истеъмол, ҳамлу нақл, тиҷорат, содирот ва воридоти машрубот, инчунин ҳама намуди маводи мухаддир манъ аст.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Амирабдуллоҳиён: Афғонистон ба ташкили давлати фарогири миллӣ ниёзманд аст
"Толибҳо эълон карданд, ки "иҷрои ин фармон ҳатмист. Нафароне, ки фармони мазкурро нақз мекунанд, аз ҷониби мақомҳои додгоҳӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд", - гуфтааст намояндаи толибҳо.
Дар авоили моҳи августи соли 2021 толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди шаҳри Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, баровардани шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро комилан тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомиёни Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0