Мақомот фаъолияти фурудгоҳҳои байналмилалии Бохтару Кӯлобро мусбӣ арзёбӣ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевСамолет в аэропорту, архивное фото
Самолет в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мудирони фурудгоҳҳои байналмилалии Бохтару Кӯлоб иддао доранд, ки фаъолияти ин ду майдони ҳавоӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва рушди онҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ахиран дар вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар он яке аз масъалаҳои муҳим ин фаъолияти ду фурудгоҳи бузурги ин вилоят буд.
Дар ин ҷаласа ҳисоботи мудирони кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳҳои байналмилалии Бохтару Кӯлоб” дар бораи рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар вилоят шунида шуд.
Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки фаъолияти фурудгоҳҳои Бохтар ва Кӯлоб хуб буда, таъмиру азнавсозии ҷойи пазироӣ, таъсиси гӯшаҳои таблиғотӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, хариди техникаҳои барои фурудгоҳ пешбинишуда аз фаъолияти назарраси онҳо бозгӯ мекунад.
Школьники на уроке за партами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Раҳматулло Саъдуллоев барои лаёқатмандҳо дар Хатлон мактаби байналмилалӣ сохт
Ҳамчунин дар ин ҷаласа муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам иттилоъ дод, ки дар вилоят 368 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 8 миллиард сомонӣ марҳила ба марҳила бояд амалӣ гардад.
Айни замон 62 лоиҳа бо азхудкунии 15,6 фоизи маблағҳо сурат гирифта, корҳо дар ин самт идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0