Песков: Аврупо маҷбур мешавад, бо Русия музокира кунад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сухангӯи раисҷумҳури Русия иддао дорад, ки дер ё зуд Аврупо маҷбур мешавад, бо Русия музокира кунад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, новобаста аз он ки касе аз он тарафи уқёнус намехоҳад Аврупо ва Русия музокира кунанд, ин раванд дер ё зуд сурат хоҳад гирифт.
Вай дар мусоҳиба бо Павел Зарубин, муҷрии барномаи “Маскав, Кремл, Путин”, ки дар шабакаи телевизионии “Россия-1” намоиш дода мешавад, гуфт: “Дер ё зуд мо бояд гуфтугӯ кунем, новобаста аз он ки касе аз он тарафи уқёнус инро мехоҳад ё не”.
Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Бывший президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Трамп гуфт, Амрикоро "даҳшати иқтисодӣ" интизор аст ва Байденро гунаҳкор кард
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Музокироти ахири ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия сурат гирифт. Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0