Сомон ҳам мағлуб шуд, вале мусобиқа барои Тоҷикистон ҳоло анҷом наёфтааст

Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳарчанд Маҳмадбеков шикаст хӯрд, вале Тоҷикистон ҳамоно ба натиҷаи хуби ширкати чор варзишгари дигар умед мебандад
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии "Antalya Grand Slam 2022" шикаст хӯрд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, паҳлавони маъруфи тоҷик ба сабқат дар вазни то 73 кило аз даври дуюм шуруъ кард ва аз ҳамтои бразилиягии худ бо гирифтани се "шидо" (огоҳӣ) шикаст хӯрд.
Соревнования по дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Рейтинги ҷаҳонии ҷудо: Тоҷикистон дар кадом зина аст?
Ҳамчунин дар рӯзи аввали мусобиқа се намояндаи дигари Тоҷикистон: Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Шаҳбоз Саидаброров ва Абубакр Шеров дар вазни то 66 кило ноком шуданд.
Варзишгарони тоҷик аз ҷудокори бразилиягӣ, бритониёӣ ва португалӣ шикаст хӯрданд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи 3 апрел, ки охирин рӯзи мусобиқот мебошад, варзишарони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ва Абубакри Акобир то 100 кило ва Темур Раҳимов беш аз 100 кило вориди майдони рақобат мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии ҷудо, "Antalya Grand Slam 2022" дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0