Дар Перм ба кор гирифтани муҳоҷирон манъ шуд

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба муҳоҷирон кор дар 11 соҳа, аз ҷумла таксиронӣ ҳам манъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нуҳуми апрел дар қаламрави Перм фармоне дар бораи манъи кори муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳо эътибор пайдо мекунад.
Дар ин бора расонаҳои минтақаӣ бо истинод ба санади имзокардаи губернатори ин вилоят Дмитрий Махонин хабар медиҳанд.
Ҳамин тариқ хориҷиёне, ки бо патент кор мекунанд, ҳамакнун дар 11 соҳа имкони кор карданро аз даст медиҳанд. Дар байни соҳаҳои мамнуъ барои муҳоҷирон, аз ҷумла рондани таксӣ ва дигар навъҳои нақлиёт, савдои чакана, кор дар ҷангал ва истихроҷи нафту газ дохил мешаванд.
Церемония вручения российского паспорта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2022
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар гирифтани шаҳрвандии Русия пешқадаманд
Сабаби чунин тадбирҳо тақсими захираҳои меҳнатӣ байни муҳоҷирон ва аҳолии маҳаллӣ арзёбӣ мешавад.
Маълум аст, ки ба ташкилотҳои вилояти Перм супориш дода шудааст, дар давоми се моҳ хориҷиёнро бо шаҳрвандони Русия иваз кунанд. Ҳоло ин мамнуият то соли 2022 амал мекунад ва дар сурати нақзи ин талабот соҳибони ширкатҳоро музоҷот таҳдид мекунад.
Қаблан чунин фармон дар Ханти-Мансийск, Хабаровск, вилоятҳои Приморе, Калуга ва Тюмен эътибор пайдо карда буд.
Бо вуҷуди ин Русия ҳамчунон барои шуғли муҳоҷирон ҷолиб боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон аз лиҳози гирифтани шаҳрвандии Русия дар зинаи дуюм қарор доранд.
Мақоми аввалро шаҳрвандони Украина ва савуму чорумро арманиҳо ва қазоқҳо азхуд намуданд.
Лентаи хабарҳо
0