Қасди Қазоқистон ба маҳдудияти содироти ғалла ва орд: он ба Тоҷикистон чӣ таъсир дорад?

Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қазоқистон тасмим гирифтааст, дар содироти ғалла ва орд маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 4 апр— Sputnik. Қазоқистон масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои муваққатӣ ба содироти ғалла ва ордро ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ баррасӣ мекунад, гуфт вазири хоҷагии деҳоти ин кишвар Ербол Карашукеев.
Вай дар ҳошияи як соати ҳукуматӣ дар парлумони Қазоқистон ба хабарнигорон гуфт, "масъалаи ҷорӣ кардани маҳдудият дар содироти ғалла ва ҳам содироти орд баррасӣ мешавад".
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба он далел гирифта шудааст, ки тавлидкунандагони маҳаллӣ "хоҳони фурӯши ғалла ба ордкашҳо нестанд".
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Иҷозати вуруди арзони орду сӯзишворӣ ба Тоҷикистон: ноиби вазир аз эътидоли нархҳо гуфт
"Федератсияи Русия содироти ғалларо манъ кардааст, мо вазъиятро таҳти назорат дорем. Тавозуни ғаллаи мо то субҳи имрӯз мусбат аст ва мусбат хоҳад буд. Мо барои бозори дохилӣ захираи кофӣ дорем. ... зарфият ҳамоно барои содирот низ боқӣ мемонад. Содиркунандагон намехоҳанд ба бозори дохилӣ фурӯшанд, онҳо интизори болоравии нархи содирот ҳастанд", - гуфт вазир.
"Агар нархи биржаро гирем, мебинем, ки ҳама чиз рӯз то рӯз афзоиш меёбад", - гуфт вазири кишоварзӣ.
Дар ҳамин ҳол Карашукеев санаи мушаххаси ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро нагуфт.
Гуфта мешавад, соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.
Сахар песок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Русия содироти шакар ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард: сабаб
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад, ки боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0