Қирғизистон "Қумтор"-ро комилан миллӣ кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗолотоносный рудник, архивное фото
Золотоносный рудник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Аз нимаи моҳи майи соли гузашта тамоми фоидаи корхона ба буҷаи давлат ворид мешавад, гуфт президенти ин кишвар
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи комилан миллӣ кардани корхонаи истихроҷи тилои "Қумтор" хабар дод. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар дод.
То чанде пеш аз ин кон дар вилояти Иссиқкӯл ширкати канадагии "Centerra Gold Inc" истихҷор мекард. Ҳоло 100% саҳмияҳои "Кумтор Голд Компани" ба давлат тааллуқ доранд. Созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкати Канада ва Қирғизистон тавассути конфронси видеоӣ рӯзи 4 апрел ба имзо расид.

"Мо инчунин кафолат додем, ки назорати пурраи мо аз болои кон аз лаҳзаи ҷорӣ шудани идоракунии беруна дар моҳи майи соли гузашта ҳисобро оғоз кард. Аз ин рӯ тамоми фоида аз 15 майи соли 2021 ба мо тааллуқ дорад, ин беш аз 323 миллион долларро ташкил медиҳад", - гуфт Ҷабборов.

Ба гуфтаи Ҷабборов, ширкати канадагӣ барои семоҳаи соли гузашта ҳаққи саҳм (давиденд) медиҳад, ки он қариб 11 миллион доллар аст.
Доктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест
Ёдовар мешавем, ки "Қумтор Голд Компани" бахше аз ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." буд. Баъдан мақомоти кишвар алайҳи ширкати канадагӣ дар робита ба нақзи талаботи экологӣ дар ин кон ва раҳбарияти корхонаи истихроҷи тило даъво карданд.
Мақомот 17 майи соли 2021 дар "Қумтор Голд Компани" маъмурияти муваққатии берунаро ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0