Ягона медалро ба Тоҷикистон аз "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" Темур Раҳимов овард

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанТаджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов взял бронзу на Гран-при в Марокко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон дар "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" танҳо як медал ба даст овард
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта дар мусобиқаи ҷудои "Тоскулоҳи бузурги Анталия-2022" ва ё “Antalya Grand Slam 2022” медали биринҷӣ ва ягонаро ба Тоҷикистон овард.

Ин мусобиқа 1-3 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия бо иштироки 525 варзишгар (312 мард, 213 зан) аз 63 давлати дунё баргузор шуд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг мусобиқаро аз даври дуюм шуруъ карда, бар Григорий Приор аз ШМА ва Магамедумар Магамедумаров аз АМА пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Венгрия Ричард Сипоз мағлуб гардид.
Ин паҳлавони тоҷик сипас дар қувваозмоии тасаллибахш Ушангӣ Кокаурии озарбойҷонӣ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.

Варзишгари дигарамон Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ҷои ҳафтумро гирифт.
Соревнования по дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Рейтинги ҷаҳонии ҷудо: Тоҷикистон дар кадом зина аст?
Ӯ низ, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар намояндагони Озарбойҷон (Руфат Исмоилов) ва Чех (Давид Кламмерт) пирӯз шуда, дар чорякфинал аз Лука Маисурадзеи гурҷистонӣ ва дар қувваозмоии тасаллибахш аз Луис Крибер Гагнони кандаӣ шикаст хурд.

Дигар варзишгаронамон дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 8 варзишгар ширкат кард: Меҳрзод Суфиев (-60кг), Абубакр Шеров (-66кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубкри Акобир (-100кг), Темур Раҳимов (+100кг).

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ гардиданд: барои ҷои аввал 5000 евро, барои ҷои дуюм 3000 евро ва барои ҷои сеюм 1500 евро.
Лентаи хабарҳо
0