Манбаъ: Ширкати ҳавоии Афғонистон тасмим дорад, парвозҳояшро ба Русия ба роҳ монад

© Sputnik / Максим БлиновCамолет Boeing 737
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Ширкати "Ariana Afghan Airlines" Афғонистон тасмим дорад, парвозҳояшро ба Русия ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Манбаи наздик ба мақомоти ҳавонавардии Русия ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, ширкати ҳавопаймоии миллии Афғонистон, "Ariana Afghan Airlines" ният дорад, дар ояндаи наздик ба Русия парвоз анҷом диҳад.
"Ширкати ҳавоии Афғонистон "Ariana Afghan Airlines" ният дорад, ки дар ояндаи наздик парвозҳо ба Русияро ба роҳ монад", - гуфт манбаъ.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин ахиран гуфт, аз 9 апрел Русия маҳдудиятҳоро барои мубориза бо COVID, ки ба парвозҳои мунтазам ва чартерӣ дахл доштанд, лағв мекунад ва иртибот бо беш аз 50 кишвари дӯстро барқарор хоҳад кард.
Куда можно улететь из России? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Аз Русия ба куҷо парвоз кардан мумкин аст: рӯйхати кишварҳо
Тавре ситоди фаврӣ дар умури мубориза бо паҳншавии коронавирус ба хабарнигорон хабар дода буд, сухан дар бораи пурра лағв кардани маҳдудиятҳо барои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ бо 52 кишвар меравад: Алҷазоир, Аргентина, Афғонистон, Баҳрайн, Босния ва Ҳерсеговина, Ботсвана, Бразилия, Венесуэла, Ветнам, Ҳонконг, Миср, Зимбабве, Исроил, Ҳиндустон, Индонезия, Урдун, Ироқ, Кения, Чин, Кореяи Шимолӣ, Коста-Рика, Кувейт, Лубнон, Лесото, Маврикий, Мадагаскар, Малайзия, Малдив, Марокаш, Мозамбик, Молдова, Муғулистон, Мянма, Намибия, Уммон, Покистон, Перу, Арабистони Саудӣ, Ҷазираҳои Сейшел, Сербия, Сурия, Таиланд, Танзания, Тунис, Туркия, Уругвай, Фиҷӣ, Филиппин, Шри-Ланка, Эфиопия, Африқои Ҷанубӣ ва Ямайка.
Тавре ба РИА “Новости” як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Афғонистон дар авоили моҳи март хабар дода буд, роҳбарияти ин ниҳод бо намояндагони ҳавонавардии Русия имкони аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ миёни Кобул ва Маскавро баррасӣ кардааст.
Баъди ба сари хокимият омадани толибон паврозҳо миёни Русия ва Афғонистон қатъ шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0