Somon Air парвозҳои мунтазамро ба Деҳлӣ аз сар мегирад

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Somon Air, P4-SOM, Boeing 737-93Y ERСамолет авиакомпании Somon Air
Самолет авиакомпании Somon Air - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон бо Ҳиндустон масири ҳавоиро пас аз таваққуфи тӯлонӣ боз мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ширкати ҳавонавардии Somon Air парвозҳои мунтазамро дар масири ҳавоии Душанбе - Деҳлӣ - Душанбе аз сар мегирад. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ширкат хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо аз Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30, аз Деҳлӣ 02:00 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст.
Интизор меравад, нахустин парвоз рӯзи 9 апрел анҷом шавад.
Гуфта мешавад, ба мусофироне, ки пурра ваксинаҳоро гирифтаанд, барои сабти ном дар парвозҳои ширкати Somon Air аз Душанбе ба Деҳлӣ пешниҳоди шаҳодатномаи эмгузаронии пурра бо забони англисӣ кофист.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
"Сомон эйр" парвозҳояшро ба Маскав афзоиш дод
Мусофирони ваксиннашуда ё қисман ваксинашуда бояд шаҳодатномаи санҷиши тестӣ барои COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки на дертар аз 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд.
Илова бар ин мусофироне, ки Деҳлӣ мераванд, бояд мақоми худро дар портали онлайнии Air Suvidha навсозӣ кунанд - https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration
Мусофироне, ки аз Ҳиндустон вориди Тоҷикистон мешаванд, низ бояд шаҳодатномаи гирифтор набудан ба коронавирус дар 72 соати ахирро пешниҳод кунанд, афзуд манбаъ. Ба кӯдакони то 3-сола ин шаҳодатнома лозим нест.
Лентаи хабарҳо
0