Сомонӣ тақвият меёбад: уфти рублу доллару евро дар Тоҷикистон

Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пули русӣ дар бозори кишвар мавқеи пештараро касб мекунад. Моҳи март арзиши рубл беш аз 50 сомонӣ поину боло рафт
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме поин рафта, ҳоло 1000 рубл 0.1481 сомонӣ қимат дорад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 2,5 сомонӣ (150,5) кам аст.
Қурби евро низ дар баробари пули миллӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.8088 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 14.3830 сомонӣ медоданд.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2022
Ҳушдори Сандуқи байналмилалии пул дар бораи заифшавии доллар
Пули амрикоӣ низ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон 46 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Як доллар ҳоло дар кишвар расман 12.5000 арзиш дорад.
Поинравии рекордии қурби доллар иқтисоддонҳоро ҳаяҷонзада кард
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.5000 то 12.5000 сомонӣ;
1 евро аз 13.8088 то 14.0300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1481 то 0.1470 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошанд.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0