Беларус дар пардохти нархи газ ба рубли русӣ мегузарад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудник газодобывающего предприятия, архивное фото
Сотрудник газодобывающего предприятия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз моҳи апрели соли ҷорӣ Беларус дар пардохти газ ба рубли русӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазири энергетикаи Беларус Виктор Каранкевич ва раиси "Газпром" Алексей Миллер созишномаеро имзо карданд, ки тибқи он, Минск аз моҳи апрел дар пардохти газ ба рубли русӣ мегузарад ва нархи он фоидаовартар мешавад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба хадамоти матбуотии кишвардори Беларус хабар медиҳад.
"Аз моҳи апрели соли ҷорӣ Беларус дар пардохти газ ба рубли русӣ мегузарад. Имрӯз дар Санкт-Петербург санадҳои зирабтро вазири энергетика Виктор Каранкевич ва раиси ҶСК "Газпром" Алексей Миллер имзо карданд", — гуфта мешавад дар хабаре дар шабакаи "Telegram".
Пленарная сессия Европарламента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Боррел: Рубл таҳримҳои "вайронкунанда"-и Ғарбро эҳсос накард
Гузашта аз ин хадамоти матбуотӣ таъкид кардааст, "аз 1 апрел нархи гази табиии воридшуда назар ба он ки дар созишномаи то имрӯз амалкунанда пешбинӣ шуда буд, фоидаовартар шудааст".
"Бо дарназардошти тавофуқоти ҳосилшуда дар ояндаи наздик ҳукумат (Беларус - идора.) барои коҳиши сарбории нархи гази табии истеъмолкунандагон (дар кишвар - идора.) тасмим мегирад", - омадааст дар гузориш.
Қаблан сарвазири Беларус Роман Головченко гуфта буд, ки Минск соли 2022 барои нафту гази интиқолшуда ба Русия бо рубли русӣ пардохт хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0