Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Бербок: Дар анборҳои Бундесвер пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок
Встреча глав МИД РФ и ФРГ С. Лаврова и А. Бербок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири хориҷаи Олмон мегӯяд, дар анборҳои Вазорати дифои кишвараш пайдо кардани силоҳ барои Украина ғайриимкон аст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Анналена Бербок, вазири умури хориҷии Олмон дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон афзуд, ки дар анборҳои Бундесвер ҳеҷ гуна силоҳе боқӣ намондааст, ки ба Украина интиқол дода шавад.
Вай гуфт, ҳоло масъалаҳои логистикӣ, таъмир ва омӯзиш ҳангоми интиқоли системаҳои куҳна мушкил аст, аммо қарори ниҳоӣ эҳтимол дар сатҳи шарикони Иттиҳодияи Аврупо, НАТО ва G7 қабул карда шавад.
“Мо ҳоло системаҳоеро дар назар дорем, ки то ҳол интиқол надода будем. Аммо худи Бундесвер дар анборҳо қариб ҳеҷ намуди ин системаҳоро надорад. Муҳимаш ин аст, ки... мо бояд ба он таваҷҷуҳ кунем, ки агар мо дар бораи системаҳои куҳна гӯем, пас ба ин масъалаҳо мушкилоти зиёди логистикӣ, омӯзиш ва қисмҳои эҳтиётӣ вобастаанд”, - гуфт вазир.
Вай афзуд, то чанде системаҳо, ки ба Украина интиқол мешаванд, куҳна бошанд, ҳамон қадар интиқол, омӯзиш ва таъмири онҳо мушкил хоҳад буд.
Украинские военные в городе Буча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кремл ба беғаразии тафтишоти иғвогарӣ дар Буча шубҳа дорад
“Мо намегӯем, ки на, мо дар назар дорем, ки чӣ гуна мушкилот ҳалли худро пайдо мекунад. Ҳамзамон мо тасмимро дар якҷоягӣ бо шарикон дар Иттиҳодияи Аврупо, НАТО ва "G7" мегирем”, - гуфт Бербок.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тавре Вазорати дифоъ изҳор дошт, қувваҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
То 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳилаи якумро иҷро карданд - иқтидори ҷангии Украинаро хеле заиф гардониданд. Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0