Бонки миллӣ ташкилоти фаъоляти “Бунёд-М”-ро қатъ карду “Тамвил”-ро иҷозат дод

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки фаъолияти ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М”-ро ба иҷбор қатъ кардааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, раёсати Бонк барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул кардааст.
“Бинобар аз ҷониби комиссияи барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Бунёд-М” риоя нагардидани расмиёти тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ, аз ҷониби Раёсати БМТ барои оғози расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ бе асосҳои муфлисшавӣ қарор қабул карда шуд”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки раёсати бонк иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил”-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй” барои панҷ сол тамдид кард.
Телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, чӣ монеи рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон шудааст
“Дар асоси Қавонини Тоҷикистон ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар ба итмом расидани муҳлати амали иҷозатномаи ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тамвил” ба ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Атласпэй”, бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 (панҷ) сол иҷозатнома дода шуд”, - қайд кардааст БМТ.
Инчунин манбаъ илова кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 3 апрели соли 2019 аз эътибор соқит дониста мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, Раёсати бонк Идораи низоми пардохт вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Лентаи хабарҳо
0