Донишгоҳҳои Тоҷикистону Русия барои донишҷӯён барномаҳои шабакаиро таҳия хоҳанд кард

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеПредставительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Курсҳои замонавӣ ҳам ба довталаб ва ҳам ба магистр кӯмак мекунанд, то дониши худро бештар кунад ва ҳамчун мутахассис дар бозори меҳнат талабгор дошта бошад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо як донишгоҳи бузурги Русия барномаҳои таълимии шабакаии муштарак барои омӯзгоронро таҳия хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Донишгоҳи давлатии Псков (ПсковГУ) хабар додааст.
Чунин барномаҳо барои хатмкунандагони мактабҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд.
Донишҷӯёни тоҷик метавонанд дар Донишгоҳи давлатии Псков аз рӯи барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура таҳсил кунанд.

"Ҳайати Донишгоҳи давлатии Псков бо ҳамкорони тоҷик дар бораи табодули мутақобилаи донишҷӯён ва эҷоди барномаҳои шабакаии муштарак ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабари матбуотии донишгоҳ.

Илова бар ин дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо ба табодули мутақобилаи донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмию амалии олимони ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Русия боз теъдоди квотаҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистонро афзоиш дод
Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Псков ваъда додаанд, ки барои такмили ихтисоси омӯзгорони тоҷик тарҳҳои муштарак роҳандозӣ мекунанд.
Қаблан раиси Кумитаи илм, маориф ва фарҳанги Шӯрои федератсия Лилия Гумерова гуфта буд, ки Русия теъдоди квотаҳоро барои донишомӯзони тоҷик аз 750 то ба 950 курсӣ афзоиш додааст.
Ба гуфтаи вай, ин ба онҳо имкон медиҳад, ки бо омӯхтани забон ва дарёфти тахассуси хуб ҷои кори мувофиқ пайдо кунанд.
Лентаи хабарҳо
0