То 32 дараҷа гармӣ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон

© PixabayГоры, весна
Горы, весна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бо паси сар шудани боришоти моҳи март дар Тоҷикистон гармии тоқатфарсо фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ мекунад.
Ба итттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 11-16 метр дар як сония мевазад.
Весна в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Моҳи апрел барои тоҷикистониён армуғон меорад: пешгӯии ҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон
Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15, рӯзона 22+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои камабри бебориш, аммо гармо мунтазир аст.
Дар водиҳо шабона гармои ҳаво 9+14, рӯзона ба 27+32 дараҷа мерасад ва дар доманакӯҳҳо бошад шабона 7+12, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот пешгӯӣ нашуда, ҳаво дар водиҳо шабона 6+11, рӯзна 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои бебориш фаро гирифта, шабона 9+11 ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0