Мамлакатҳои маъмул барои саёҳат дар моҳи майро гуфтанд: оё Тоҷикистон дар ин феҳраст ҳаст?

© PixabayГорный турист
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масирҳои маъмултарину мувофиқ барои сайёҳони Русия мувофиқ дар рӯзҳои истироҳати тӯлонии моҳи май муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Коршиносони соҳаи сайёҳӣ самтҳои пурталабтаринро барои саёҳат дар рӯзҳои истироҳатии моҳи майи соли ҷорӣ муайян карданд, хабар медиҳад "OneTwoTrip".
Дар моҳи май маъмултарин самтҳои парвози ҳавоӣ Сочӣ ва Туркия будаанд.
Таҳлилгарон ин хулосаро аз рӯи дархостҳои ҷустуҷӯии парвозҳо аз 30 апрел то 15 май баровардаанд.
Турист фотографирует пейзажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Талоши Тоҷикистону Туркия барои рушди сайёҳии тарафайн
Онҳо муайян карданд, ки тақрибан 60%-и корбарони интернет дар Русия дар ин давра ба парвозҳо дар дохили кишвар таваҷҷуҳ доранд.
Маскав ва Сочӣ маъмултаринанд, тақрибан 15%-и сайёҳон дар ҷустуҷӯи чипта будаанд.
Саёҳат ба Санкт-Петербург 12%-и сайёҳонро ҷалб кардааст. Минералное Вода ва Калининград 5%-и дигар, Махачқалъа - 4%, Қазон ва Симферопол - 3% ва 2%-и корбарони интернет дар ҷустуҷӯи чиптаро ба Уфа ва Екатеринбург буданд.
Дар мавриди кишварҳои хориҷӣ Туркия дар рӯйхат дар ҷои аввал аст. Парвозҳоро ба ин самт 23% сайёҳон ҷустуҷӯ мекардаанд.
Баъдан кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз миёни онҳо бештар Узбекистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. 9 фоизи сайёҳон ба Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳои Узбекистон, 8 фоизи сайёҳон ба Арманистон чипта меҷустанд.
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2022
Нарх арзон шуд: ширкатҳои ҳавонавардӣ ба Агентӣ тааҳҳуд супурданд
Илова бар ин маъмултарин самтҳо Озарбойҷон (5%), Қирғизистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - 4% мебошанд.
Дар мавриди Тоҷикистон бошад, бояд гуфт, кишвар ба рейтинги самтҳои камхарҷ ворид шудааст.
Қаблан коршиносони соҳаи сайёҳӣ барои сайёҳони рус кишварҳои хориҷиеро, ки дар он ҷо парвозҳои бидуни таваққуф вуҷуд доранд, ном бурда, қимати оптималии ин сафарҳоро низ дарҷ карда буданд.
Душанбе яке аз онҳост. То Тоҷикистон бо нархи 10 ҳазор рубл ва ба Қирғизистон 11 ҳазор рубл рафтан мумкин аст. Дар фасли баҳор арзонтарин чиптаи парвоз дар миёни Русия ва Беларус аст, ки 4,2 ҳазор рубл гуфта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0