Парванда боз шуд, вале сабаби сӯхтори бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд номаълум аст

© Sputnik Паёмади сӯхтор дар бинои истиқоматии вилояти Суғд
Паёмади сӯхтор дар бинои истиқоматии вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Бо гузашти наздик ба як моҳ то кунун сабаби сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд, ки бар асари он даҳҳо хонаи истиқоматӣ ба хокистар табдил ёфт, ошкор нашудааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ин ҳодиса зуҳри рӯзи 15 март дар боми бинои истиқоматии навбунёди рақами 10А, дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд рух дода буд.
Манобеъ аз идораи сӯхторнишонии Суғд рӯзи 5 апрел дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки комиссияи вижа то кунун ба таҳқиқи ошкорсозии сабабҳои оташсӯзӣ муваффақ нашудааст ва ба ин далел муҳлати кор дар ин самт тамдид шудааст.
"Аз он ки масоҳати фарогирии сӯхтор зиёд буд, кори маълум намудани сабаби он душвор гардидааст. Ҳоло чандин сабаб, аз ҷумла расиши кӯтоҳи барқ, нодуруст истифода намудани таҷҳизоти барқӣ, риоя накардани қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор, қасдан содир кардани сӯхтор дар миён буда, комиссия дар ин самт кор мебарад”, - гуфт манбаъ.
Паёмади сӯхтор дар бинои истиқоматии вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Пайомади сӯхтори мудҳиш дар Суғд ба ривояти тасвир
Ин манбаъ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи Хуҷанд бо моддаи 256 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар рӯзи сар задани ҳодиса аз идораи сӯхторнишонии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ беш аз 350 метри мураббаи боми бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи 20-и Хуҷанд хокистар шудааст.

“Сӯхтор тақрибан соатҳои 13:50 рух додааст. Бо баробари ворид шудани занги хатар 10 мошин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд”,- афзуд манбаъ.

Сӯхторнишонҳо алангаро давоми як соат ба пуррагӣ хомӯш карда, ба ин тартиб аз зараре пешгирӣ карданд, ки баробар ба 10 миллион сомонӣ гуфта мешавад.
Аммо то замони расидани дастаи зудамалӣ сӯхторнишонӣ 11 хона ба пуррагӣ сӯхта ва ҳудуди 70 хонаи дигар қисман осеб дид, ки дар умум зарар аз ин ҳисоб миллионҳо сомонӣ гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0